Матни равон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ветнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ветнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Ветнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1567
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8081
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17129
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:33673
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82348
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3889685

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?