Матни равон

Дар толори Мактаби санъати шаҳри Гулистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Гулистон ҷиҳати вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҷараён дорад.

Сипас, вакилони мардумӣ Ғайрат Азиззода ва Музаффар Маҳмудзода суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, вобаста ба расидан ба истиқлолияти энегетикӣ зикр гашт, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «ҚАЙРОҚҚУМ» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. Соли ҷорӣ неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз неругоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ба вакилони мардумӣ изҳори минннатдорӣ намуд.

Дар интиҳо зикр гардид, ки шаҳри Гулистон дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилоят ва ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва соҳаи туризм нақши арзандаи худро касб намудааст. Дар давраи 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона то имрӯз ба 34-то расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ афзуда аз 13 адад ба 64 номгӯй баробар шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 20 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон иштироки бевосита дошта, баҳри боз ҳам пешрафти соҳаи саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пурсамар фаъолият бурда, баҳри таҳкими дастовардҳои Истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду камоли кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз ҷидду ҷадал менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1624
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5075
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27516
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:83594
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7725514

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?