Матни равон

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯӣ “Паём, ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид баргузор карда шуд.

Дар конфренсияи мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва Абдуманнон Одинаев номзади илмҳои филологӣ, дотсент ва ҳамчунин сармутахассиси дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки Зарнисор Муҳрулло Иноятов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов дар мавзӯъҳои“Шарҳи мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ҷиҳати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар”, “Паём ва маориф”, “Паём тақвиятгари омӯзиши забони тоҷикӣ”, “Дастгирии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ” ва “Паём ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва оммавигардонии варзиш” суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар конфронсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маориф, тандурустӣ, собиқадорон, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, гирандагони стипендияи ҲХДТ, волонтиёрон донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

Дар рафти конфренсия мавзӯъҳои зикргардида шарҳу тавзеҳ ёфта аз ҷумла зикр гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан санади сарнавиштсоз ва ормонҳои сабзи миллӣ мебошад. Доир ба ҳамаи самтҳо вазифагузории мушаххас гардидааст ва имрӯз танҳо масъулиятшиносӣ ва ташаббускории мо ҷавонон ва шаҳрвандон боқӣ мондааст, то баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш намоем ва соли таърихиву ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2549
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2549
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86334
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7728254

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?