Матни равон

Дар толори Кохи фарҳанги «Истиќлол»-и шаҳри Гулистон маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид.

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳи Гулистон раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии аъзои ҲХДТ дар шаҳр ба 4430 нафар расидааст. Аз ин шумора 2122 нафар (48%) зан ва 1010 нафар (23 %) ҷавон мебошад. Дар давоми соли 2020 ба сафи ҳизб 157 нафар қабул гардиданд, аз онҳо 85 нафар зан (54,1 %) ва 76 нафар ҷавонон ( 48,4%) мебошанд.

Бо мақсади муайян кардан ва омӯзиши низоми дурусти ба қайдгирии аъзои ҳизб, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ дар 40 ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ муқоисакунии аъзои ҲХДТ гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардиданд. Гурӯҳҳои таблиғотӣ бо ҳамбастагии фаъолону зиёиён, собиқадорони ҳизб дар маҳалҳои шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо вохӯриву мулоқотҳо, суҳбатҳои судмандро гузаронида, оид ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ буда, ҳизбиёни шаҳр дар вақти муайянгардида 900 нусха ба  “Минбари халқ” ва 650 нусха ба “Сухани халқ” обуна шуданд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур раиси ТИ ҶДММ “ШКСТХ” Мирзафар Зарифов сухан кард.

Сипас нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳр барои соли 2021 ва ҳайати нави раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ тасдиқ карда шуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доир ба тақвияти кори кумиҷроияи шаҳрӣ ва вазифаҳои дар пешистодаи ҳизбиён суханронӣ намуданд.

Дар охир ба собиқадорон ва фаъолони ҳизб медалҳои ҷашнӣ сипосномаи кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ барои фаъолияти пурсамар дар вазъи тантанавӣ супорида, инчунин ҷавонони фаъоли соҳаҳои мухталифи хоҷагии халќи шаҳр ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:911
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17934
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71487
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7713407

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?