Матни равон

МУБОРАКБОДИИ  Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба ифтихори 70-солагии Рӯзи FалабаҶанги Бузурги Ватанӣ. Акси садои он рӯзҳои пурталотум, он набарди ҳаёту мамот ҳар қадар ба саҳифаҳои таърих дохил гардад, шаҳомату бузургии он ҳамон қадар барҷастатар аён мегардад. Ёди он айём дар мағзмағзи қалби онҳое, ки дар майдони ҳарб сина сипар кардаанд ё дар ақибгоҳ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта  Ғалабаи бузургро наздик кардаанд, абадӣ ҷой гардидааст.

Ҳамшаҳриёни  азиз! Ҳамаи шумо ва собиқадорони ҷангу меҳнатро ба муносибати Иди Ғалаба табрик  гуфта, бароятон  фазои ҳамешагии сулҳу оромӣ ва саломативу сарбаландиро хоҳонам. Тавре Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:

"Мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем".

Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лиҳози вусъату андоза вазнинтарин, хуншортарин ва даҳшатноктарин дар таърихи инсоният буд.

Дар он беш аз 70 давлат иштирок кардааст. Набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтааст. Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион афсару сарбоз сафарбар шуда буданд. Талафоти умумӣ ба 55 миллион нафар расид.

9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои  озодихоҳу мутараққии ҷаҳон Иди Fалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашизм ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

Ҳамаи онҳо дар қалбу хотираи халқи  мо  ҳамчун  фарзандони далеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд. Аз ин рӯ, ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби муҳаққиқон на танҳо ҳамчун ғалабаи ҳарбӣ, балки чун пирӯзии бузурги маънавӣ низба қалам дода мешавад.

Диловарию қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматҳои созандаи мардуми ақибгоҳ барои насли имрӯз ибратомӯз аст.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи собиқадорон ва ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтиву хушиқболӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:293
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12542
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66095
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7708015

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?