Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дирӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмон дар доираи узвият дар он ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017, доир ба самтҳои ояндадори фаъолият дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо менамояд.

Ба таври мушаххас аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар ин зимн Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбад, рафти татбиқи минбаъдаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” ва вусъат бахшидани таҳияи лоиҳаи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон” ҷалб намуданд.

Муҳимияти тақвияти муборизаи муштарак бо дигар зуҳуроти номатлуби аср, бахусус муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромилӣ низ таъкид карда шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Изҳороти Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи чораҳои ҳамооҳангшуда нисбати нафароне, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд” ва беш аз 18 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Рафти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2689
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9563
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41490
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1341190

Мо дар Фейсбук