Матни равон

Ҳақиқат гарчанде талх аст, бояд гуфта шавад. Толиб Айёмбеков, Ёдгор Шомусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев ва чанд ғуломаки дастобрези онҳо чандин соласт, ки даст дар ҷиноят доштанду худро хону шоҳу ҳокиму қумандону … ғайра дар ҳудуди маҳали зисти худ мепиндоштанд. Барояшон ҳукумати қонунӣ вуҷуд надошт. Худро ҳукумат меҳисобиданд. Касеро мехостанд ҷазо медоданд, касеро мехостанд мебахшиданд: ҳатто прокурору милисаро, духтуру халифаю муаллиму тоҷири бозорро.

Ҳамаи ин боис шуду Ҳукумати кишвар тасмим гирифт баъди интиқоди шадиди Сарвари давлат ба беқонунӣ дар шаҳри Хоруғ рӯ орад. Имрӯз сокинони шаҳр тавассути радиову телевизион, дигар расонаҳои хабарӣ изҳори қаноатмандӣ аз он мекунанд, ки вазъият дар шаҳр ба эътидол омадааст, постгоҳҳои ташкилнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба беқонунию худсарии унсурҳои ҷинояткор хотима бахшидаанд.

Танҳо ин оромӣ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ҳаводорони сиёсатмаоби дохилию хориҷие, ки тоқати дидани суботу осудагии Тоҷикистони ягонаро надоранд, хуш наомадааст. Бо ҳар роҳе талош доранд онро халалдор созанд.

Чун саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки зикрашон дар боло рафт аз тарафи мақомоти прокуратура огоҳии қатъӣ гирифтанд, дигар унсурҳои олами ҷиноятӣ аз гурӯҳҳои онҳо ба майдони ҳаннотию балво омадан доранд.

Имрӯз митинг доранд. Чанд ҷавони беақлу бефаросатро барои ҳамлаю сангандозӣ ҷониби посгоҳи амнияти таҳрик доданду чун посухи сазовор дар шакли тирҳои резинӣ гирифтанд, барои таҳрики воқеият, тибқи таҷрибаи собиқаашон зери доману даруни эзори  чанд зани моҷароҷӯ ва пушти наврасону ҷавонони фиребдодаашон боз ба майдон баромадаанд. Танҳо назаре ба саркардагону ташаббускорони ин митинг кофист, ки пай бурд дар пушти онҳо боз кӣ меистад.

Яке аз онҳо Айналишоев Мирзошо Ватаншоевич мебошад. Дар гузашта узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров Имомназар ва ҳоло дар гурӯҳи ҷиноятии Мазоров Хурсанд ба қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа машғул аст. Номбурда соли 2008 дар латукӯби Прокурори ВМКБ Р.Гулматшоев, оташ задани биноҳои ҳукуматӣ ва соли 2012 дар муқовимати мусаллаҳона бар зидди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита даст дошт. Ҳамчун шоҳиди воқеаҳои 2012 метавонам гуфт, ки Айналишоев М.В. бевосита дар қатли мардуми бегуноҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ даст дорад. Барои ҷинятҳо солдиркааш бо моддаҳои 188 қ.1, 199 қ.4, 328 қ.2, 345 қ.2 Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2017 дар асоси Қонуни авф ба озодӣ баромадааст. Ана ҳамин гуна ҷинояткор, имрӯз мардумро ба майдон мекашад.

Сабаб чист, ки ин гурӯҳҳо намехоҳанд дар Хоруғ волоияти қонун ҷорӣ гардад?

Дарки сабаб хеле одист. Ҷинояткороне чун Айналишоев ва ҳамдастонаш аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ намехоҳанд ҳукмронии ҷиноии худро аз даст диҳанд. Қонунро боз мутеи қоҷоқчию роҳзану ғоратгару ҷинояткор дидан мехоҳанд. Давоми як моҳе, ки авлавияти қонун дар ин шаҳр боло гирифтааст, инҳо аз имконоти қочоқбарӣ маҳрум гаштаанд. Беш аз як тонна маводи мухаддир дар минтақаи бо Хоруғу Шуғнон ҳамсарҳади Афғонистон ҷамъ шудааст. Ана ҳамин далели воқеӣ, имрӯз Айналишоеву дигаронро барои ҷалби занону кӯдакон ба майдон таҳрик додааст.

Аслан, андешаи шахсии банда аст, шояд хато кунам, вале  Ҳукумат дар як иқдом иштибоҳ кард. Сарварони ин ҷинояткоронро набояд барои сайру гашт ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мебурданд. Харро ба Макка барӣ, боз ҳам хар бармегардад. Ҷинояткорон ин корро дар назди сагбачаҳои худ ва  хешу таборашон ҳамчун тарси Ҳукумат шарҳ доданд.

Бо ҷинояткор мушу пишакбозӣ аслан даркор нест. Ҷинояткор бояд ҳатман дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чун итоат накард, несташ бояд кард. Ин гурӯҳҳо «ғурур»-и дурӯғини худро аз ҳаёти орому осудаи зану фарзанд, хешу ақрабо ва ҳамдиёрони худ болотар мешуморанд. Ман ҳамеша ҷонибдори гузаронидани амалиёти махсус алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ будаму ҳастам. Тамоми мардуми шарафманди Бадахшон ин андешаро ҷонибдоранд.

Табиист, ки ҳангомаҷӯён аз дохилу хориҷ ба шӯру валвала хоҳанд пардохт. Бигузор валвала кунанд. Оромию субот, волоияти қонун бояд дар ҷои аввал гузошта шавад. Ҳама бояд дарк кунанд, ки болотар аз қонун арзише нест. Фардо дер мешавад.

 

Алидод Соибназаров,

сокини шаҳри Хоруғ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:41
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9133
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18049
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7750439

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?