Матни равон

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.

Дар чаҳорчӯбаи тадбиқи ин лоиҳа хатҳои магистралии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии умумии 12 ҳазору 384 метр ба анҷом расонида шуд. Инчунин барқарорсозии 4 стансияи насосии барориши 2-юм, навсозии 8 чоҳи амудӣ бо васл кардани таҷҳизоти барқиву насосӣ, сохтмони 7 чоҳи амудӣ, кашидани хати баландшиддат дар масоҳати 1700 метр ва гузоштани 5 зеристгоҳи барқӣ, кашидани хати технологӣ бо қубурҳои полиэтилинии қутрашон гуногун дар масофаи 2650 метр, ободонии ҳудуди обанбори марказӣ, мумфарш намудани роҳ аз обанбор то маркази шаҳр, сохтмони бинои хлоркунӣ ва таъмири бинои анбори нигоҳдории маводҳои безараргардонӣ, ивази зеристгоҳи барқӣ дар обанбори марказӣ сифатан хуб сомон дода шуд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳамин ҳадафҳо Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон соҳиби 7 адад техникаи коммуналӣ низ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи тадбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:152
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1967
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:83937
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7725857

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?