Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мақсади баёнияи аъзоён ва раҳбарони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпешагонро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд. Дар ҳоле, ки ҳамагон медонанд ва ба хубӣ огаҳанд, ки пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо кишварҳои кумаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд, вале баъди ҷинояткориҳо ошкор шудан ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд.

То ҳол роҳбарону ҳамсафони ТТЭ ҲНИ дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ магар бегуноҳанд! Ин як намуд худсафедкунии пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) чанд гурӯҳи ифротии худхонда, ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Варшава гурӯҳи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Аммо дар асл, «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Моҳиятан созмони мазкур ҳамон ТТЭ ҲНИ қаблӣ бо номи нав буда, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд.

Акнун «Паймони миллии Тоҷикистон» бо андешаи ғалат баёния ироа медорад, ки Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми худро баргузор кард, ки ба масоили сохторӣ бахшида шуда буд. Тибқи қарори ин шӯрои шӯр Раиси ПМТ лоиҳаи сохтори иҷроияи ПМТ ва номзадҳои мавриди назарро барои баррасӣ пешниҳод намуда аст, ки дар ҳайати он танҳо афроди ҷинояткору хоин, худхоҳу ҷоҳталаб, гурезаву фирорӣ мебошанд. Аз ҷумла, ба ин рӯйхати гурӯҳи авомфиребон ва иғвогарону худфурухтагони берӯй - Алим Шерзамонов, Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Мавҷуда Соҳибназарова, Илҳомҷон Ёқубов, Шарофиддин Гадоев, Ҷамшед Ёров ва дигарон шомиланд. Инро ТЭТ ҲНИТ вазифаи ҷонии худ медонад, то унвони наҳзатро пинҳон дошта, дар зимн гурӯҳакеро ташкидл диҳад, то дар оянда ҳамин мавқеи террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро ҳифз карда, барои замимагузории падидаҳои манфӣ дар ҷомеа равона шуда бошад.
Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТЭТ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дошт. Роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз бо номи Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон бурӯз кард, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.

Ҳангоме узви ТТЭ ҲНИ ба ҷиноят муттаҳам мешавад ва ба таъсиси гурӯҳи ифротгарову терроризм оварда мерасонад, наҳзатиҳои фирорӣ бечоранолиданҳоро сар мекунанду сарзаниши худро ба таври дигар баҳо медиҳанд, ки «Ширкати фаъоли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти имсола ва мулоқотҳои сершумор бо ҳайатҳои гуногуни дипломатӣ, қадами муҳимме барои таҳкими робитаҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳогузорӣ карда шуд». Дар ҳоле, ки раҳбарияти ТЭТ ҲНИ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад ва манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад.

Илҳом Раҳим Мадализода,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2722
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9596
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41523
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1341223

Мо дар Фейсбук