Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ду мулоқот ба вуқӯъ пайваст.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода вохӯрии аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, раисони маҳаллаҳо ва ҷавонон иштирок намуданд.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз дар толори коллеҷи тиббии шаҳр чунин вохурӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Сараввал филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба донишҷӯён намоиш дода шуда, сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода доир ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ маърӯза намуд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо иштирокчиён, аз ҷумла омӯзгорон А. Абдураҳмонов, Ф. Фатҳиддинов, О. Ғаниев, М.Саидов, донишҷӯён М.Раҳимова, И. Раҳимов ибрози андеша намуда, падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизмро маҳкум карданд.

Барои тақвият додани кор дар ин раванд ҷадвали вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру шаҳракҳо, сокинони маҳаллаҳои маркази шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузории 22 вохӯрӣ ҷиҳати пешгириии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2741
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9615
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41542
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1341242

Мо дар Фейсбук