Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроият ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон оид ба рафти маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2027 гузориш пешниҳод намуда, оид ба иҷрои нақшаи обуна, сатҳи иштироки ташкилоту муассисаҳо ва тадбирҳои андешидашуда маълумот дод.

Сипас Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва пурраи нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили сазовори 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Дар ин замина ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои ободониву созандагӣ, бунёду таъмири иншоот, кабудизоркунӣ, беҳтар намудани намои кӯчаву маҳаллаҳо ва дигар тадбирҳои созандагиро вусъат бахшанд.

Зимни ҷаласа масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ бояд бо ангишт, ҳезум ва дигар маводи зарурӣ пурра таъмин гардида, ҳолати шабакаҳои барқ ва дигар инфрасохтори муҳими хизматрасонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шавад.

Инчунин, ба масъалаи тозагиву озодагӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ ва нигоҳдории муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дод, ки корҳои санитарӣ, ҷамъоварии саривақтии партовҳо, нигоҳдории кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятиро мунтазам ба роҳ монда, барои боз ҳам ободу зебо нигоҳ доштани шаҳр тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват ба амал овард, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва ҳамоҳангии фаъолият баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда кӯшиш намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3590
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9343
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:42928
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55652
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10258836

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?