26 Октябр 2026
23 октябри соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳри Гулистон, Машрабзода Азим — муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манижа Толибова — мушовир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, ва Сатторова Матлуба — мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, бахусус занону кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила тақозои ҳамкории судманди сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як узви ҷомеа буда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар ин самт аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, доир ба зарурати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ, пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳимояи ҳуқуқи шахсони осебдида андешаву тавсияҳои судманд ироа гардиданд.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва рушди оила, инчунин амалисозии чорабиниҳои марбут ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳамкории байни сохторҳои дахлдор заминаи мусоид фароҳам овард.






















