13 Июн 2026
Ҳамасола бо фаро расидани мавсими шиноварӣ, мутаассифона ҳодисаҳои зиёди ғарқшавии кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳо, каналҳо ва дигар маконҳои хатарнок ба қайд гирифта мешаванд. Аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи беэҳтиётӣ аз ҷониби ноболиғон рух медиҳад.
Бо назардошти ин бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон аз тамоми шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки назорати фарзандони худро пурзӯр намуда, нагузоранд, ки онҳо дар чунин маконҳои хатарнок бе ҳамроҳии калонсолон ба оббозӣ машғул шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки як лаҳзаи беаҳамиятӣ ва беназоратӣ метавонад боиси ҳодисаи фоҷиабор гардад. Ҳифзи ҳаёт ва саломатии фарзандон ин пеш аз ҳамма масъулияти ҳар як падару модар мебошад.
Дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва ё мушоҳида намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба рақами 93-880-28-62 муроҷиат намоед:
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон






















