Матни равон

Имрӯз, 17.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳурияви "Илм - фурӯғи маърифат" оғоз гардид. Дар марҳилаи кушодашавии даври шаҳрии озмун Ғайрат Оқилзода муовини Раиси шаҳр, раиси комиссияи озмун иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331 дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-331„ қарори Раиси вилояти Суғд аз 10.03.2023, №88, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 10.05.2023, №109 ба тасвиб расидааст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ддастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун аз рӯйи ҳафт номинатсия математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.

Изҳори итминони карда шуд, ки иштирокчиёни имсола бо омодагии ҷиддӣ ба озмун омадаанд ва ғолибони даври шаҳрӣ дар даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии озмуни мазкур шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, соҳиби дастовардҳои арзанда мегарданд.

Дар даври шаҳрии озмун беш аз 200 нафар ғолибони даври аввал иштирок намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:121
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14869
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18999
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90921
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630766

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?