Матни равон

27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намуданд.

Дар рафти мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисодӣ Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1231
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24573
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:78126
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7720046

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?