Матни равон

Субҳи 7-уми сентябр дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва тибқи нақшаи тасдиқгардида бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Гулистон чорабинии мудофиавӣ – паради ҳарбӣ бо иштироки  зиёда аз 1000 нафар аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаҳои меҳнатии Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо  ва шаҳрвандони дар қайди эҳтиётӣ қарор доштаи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Чорабинии мудофиавӣ – паради ҳарбӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар назди сафоростагон суханронӣ карда, ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барбобари Истиқлолияти давлатӣ ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши Миллии мо ба сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.Фарзандони бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Восеъ ва Темурмалик раҳнамои зиндагии мост.

 

Хушбахтона, минбаъд низ ашхоси ҷонфидо баҳри амният ва боло будани сатҳи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ шабу рӯз заҳмат кашида, парчамбардори миллат гардидаанд. Дар замони соҳибистиқлоли ба шаш нафар фарзандони барӯманди халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд,  ки кору пайкори онҳо барои бақои миллат ва давлати тоҷикон бориз буда, исмашон дар саҳифаи рангини миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Ҳамчунин, изҳор дошта шуд, ки чорабинии имрӯзаи мудофиавӣ-паради ҳарбӣ нишонаи садоқадмандии мову шумо ба Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аз он далолат мекунад, ки фарзандони ин марзу буми ориёӣ дар ҳар як лаҳза омодаанд, ки аз Истиқлолият ва давлати мустақили худ дифоъ намоянд.

Сипас, гузашти низомии флоти обӣ ва гузашти низомии ҳайати захираҳои эҳтиётӣ дар назди Раиси шаҳр ба вуқӯъ пайваст.

Дар фарҷом  Ифтихорномаҳои комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба мақомотҳо ва фаъолон барои саҳми арзанда дар баргузории чорабинии мудофиавӣ-паради ҳарбӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:758
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16572
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46537
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688457

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?