Матни равон

Дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳр дар мавзуи “Ҷавонон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфренсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии баргузор гардид.

Дар конфренсияи илмӣ-адабӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мадализода Илҳом Раҳим,   сармутахасси бахши адабии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Исмоил Саидов,  мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфренсия ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари кишвар хуб дарк намуда буданд, ки кишварро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагӣ дорад. Бинобар ин масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавонро дар роҳи омӯхтани илму дониш дар мадди аввал гузошта, барои дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил барои онҳо як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.  Сол аз сол фаъолияти муассисаҳои таълимии олии кишвар афзуда, дар шаҳру навоҳиҳо низ миқдори зиёди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд ва ин тадбир барои омӯзиши илму дониш ба насли ҷавони кишвар имконияти заруриро фароҳам овард. Ба ҳамин масъалаҳои беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин гардидани ҷавонон, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишварро ба сӯйи худ кашида буд. Соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудани Сарвари кишвар дараҷаи баланди ин таваҷҷуҳро нишон дод.

Имрӯз мо – ҷавонон аз ҳар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши фарҳангу тамаддун ва асолати таърихӣ, ҳифз ва муаррифӣ намудани он бардоштҳо гирифта дар роҳи амалисозии он камари ҳиммат баста истодаем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.   Дар ин баробар ҷавононро лозим аст, ки аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар босамар истифода намуда, баҳри рӯзгори осоишта ва ободу зебо гардонидани Ватани азизи худ кӯшиш намоянд.

Ҳамчунин иброз дошта шуд, ки Дар ҷаҳони муосир ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм ба падидаи номатлуби аср мубаддал гардидааст. Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Яке аз чунин гурӯҳҳо «Давлати исломӣ» аст. Тибқи маълумотҳо ҳадафи аслии ин гурӯҳи террористӣ таъсиси хилофат буда, бар зидди давлатҳои низомашон дунявӣ ва демократӣ равона гардидааст. Вазъи кунунии Ҷумҳурии ҳамсоякишвари мо Афғонистон гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Дар фарҷом мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирокчиёнро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4783
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9161
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:65239
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7707159

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?