Матни равон

18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ  мавҷуд набуд.

Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар муҳлати 1 сол бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯй ба талабот мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити синфхонаҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори бинои нави кӯдакистон, ки дорои таҷҳизоту лавозимоти муосир мебошад, шинос шуда, бо кӯдакони хуштолеи даврони истиқлол, ки имрӯз дар заминаи татбиқи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳиби чунин бинои муосири таълимӣ шуданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Кӯдакистони хусусии “Кабутар” дар маркази шаҳри Ҳисор дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи бомароми “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Акрам Саидов ва Абдуразоқ Саидов бунёд гардида, дар заминаи муҳайё сохтани шароити мусоид 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо ба ҳар хонанда, ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави кӯдакистон иштирок намуданд, аз номи Пешвои миллат шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Таълимгирандагони ин даргоҳ ба Пешвои миллат, ки пайваста барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти мавҷудаи синфхонаҳои барҳаво, хобгоҳ ва толору утоқҳои корӣ ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози мамлакат дар шароити мусоид, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас  доданд.

Синфхонаи мусиқӣ, утоқҳои корию тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевонҳои либоснигоҳдорӣ ва ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони аз 1,5 то 6-сола мураббиёни ботаҷрибаи соҳимаълумот ҷалб карда шуда, таҳсил дар ду баст бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Дар доираи корҳои ободонӣ роҳравҳои атрофи бинои кӯдакистон сафолакпӯш гардидаанд. Дар масоҳати умумии 780 метри мураббаъ майдончаи бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон сохта шудааст, ки дорои 4 адад айвон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Барои зебову назаррабо гардидани саҳни бинои мазкур гулу буттаҳои рангоранг ва дарахтони ороишӣ шинонида шуда, деворҳои атрофи он бо тасвирҳои зебову диққатҷалбкунанда оро ёфтаанд.

Чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки барои зебо гардидани намои шабонаи бино амалӣ карда шудааст, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорон ва амалишавии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” дар марказ ва деҳоти шаҳри Ҳисор 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1 ҳазору 603 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3155
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4342
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60420
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7702340

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?