Матни равон

Дар Боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 74-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии умумишаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.

Тантанаҳои таҷлили иди Ғалаба бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гулистониёнро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон Мирзоқосим Каримов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 74-солагии Рӯи Ғалаба манзури сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» намуд. Зикр гардид, ки ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсўз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳо ба азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд. Фарзандони халқи тоҷик дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона иштирок кардаанд. Махсусан, торумор кардани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, Курск, қаламрави Украина, Белорус, на танҳо ҷараёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки ҷараёни ҷанги дуюми ҷаҳонро комилан тағйир дод. Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо, аз ҷумла дар озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳо нишон доданд. Ба хотири эҳтиром, бузургдошт ва қадрдонии корнамоиҳои ҳамватанони мо 64 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафари дигар бо се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда, аз 60 ҳазор нафар барои матонату шуҷоат дар набардҳо бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Ду нафар фиристодагони шаҳри Гулистон – Эгамбердӣ Хоҷамбердиев ва Нишев Иосиф Илич (ҳарду аз шаҳраки Адрасмон) низ бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудаанд.

Маросими ҷашнро гузашти идонаи сарбозон ва афсарони қисми низомии 45005 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни тантана бахшид.

Сипас ба хотираи қурбониён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардида, дар интиҳо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи “Ёдбуд” аз тарафи ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоати шаҳракҳо ва сокинон ба вуқӯъ пайваст.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳр

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1427
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10421
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44020
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685940

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?