Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода машварати навбатии корӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 18-уми январ ба миён гузошта шуданд, доир гардид.

Дар машварати корӣ масъалаи таъсиси комиссияи кории мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои корҳои таъмирии муассисаҳои таълимӣ ва таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти ширӣ тибқи супоришоти Сарвари давлат дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо такя ба хусолаҳои маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат меҳнаткашони мамлакат, аз ҷумла шаҳри Гулистон ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ дар соли гузашта ноил гардиданд. Имрӯз мардуми гулистонӣ бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои фардосози Пешвои муаззами миллат дар партави Паёми пурмуҳтавои навбатӣ бо рӯҳияи баланди созандагӣ ва бунёдкорӣ барои дар амал татбиқ намудани онҳо ҷидду ҷадал доранд. Ҳамзамон, Раиси шаҳр доир ба тасвиб расидани Амр оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ иттилоъ дод.

Дар кори ҷаласа намояндаи гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назира Амирбекзода иштирок намуда, зикр кард, ки мақсади асосии ташкили гурӯҳи корӣ татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат буда, ҳадафи асосии он дар маҳалҳо тавсеа бахшида ба раванди шуғлнокии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити ҳамаҷониба ба рақобатпазирии молҳои ватанӣ, ташкили коргоҳҳои нав мебошад. Мавсуф инчунин мавриди рушди шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» ва соҳаҳои хоҷагии халқи он ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Гулистон дар солҳои истиқлолият ба рушди бесобиқаи худ дар тамоми ҷабҳаҳо ноил гардидааст.

Дар интиҳо ба аъзои гурӯҳи корӣ бобати амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4374
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11796
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90183
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630028

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?