Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода машварати корӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр зимни баромади худ оид ба дастуру супоришҳои фардосози дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкидгардида, фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба тавзеҳи Паёми Сарвари давлат, вазъи андозу молия, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кушодани коргоҳҳои нав, танзими омор, вазифаҳо дар соҳаи иҷтимоиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вазъи бозор, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сухан ронд.

Ба мутасаддиёни нуқтаҳои савдо ва бозорҳо ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супоришҳо дод. Ҳамзамон пурсиш аз фаъолияти зерсохторҳо ва ҷамоати шаҳракҳо ба вуқӯъ пайваста, зикр гардид, ки фаъолият аз ибтидои сол дар раванди эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ густариш ва таҳким бояд дода шавад.

Раиси шаҳр дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ масъулинро оид ба тақвияти бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо аҳолӣ, таъмини пардохти саривақтии истифодаи барқ аз тарафи корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳру шаҳракҳо муваззаф намуда, доир ба таҷлили ҷашни миллии иди Сада дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зимни машварати корӣ доир ба масъалаи ободонӣ ва хуррамгардонии шаҳр ва шаҳракҳои тобеъ Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро доир ба гулкориву ниҳолшинонӣ, таъмиру тармими роҳҳои пиёдагарди кӯчаву маҳалҳо, тарҳи биноҳои истиқоматӣ, вазъи санитарӣ-эпидемиологии маҳалли зист ҷалб намуда, роҷеъ ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон алоҳида вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла, масъулини корхонаву идораҳо, соҳибкорон муваззаф гардиданд, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилал дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо дар назди майдонҳои биноҳои баландошёна сохтмон ва бунёди қариб 26 майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконро дастҷамъона ба анҷом расонанд. Зимни ин вазифагузорӣ лоиҳаи нақшаи бунёди ин иншоот муаррифӣ карда шуд.

Дар машварати корӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва соҳибкорон иштирок доштанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3615
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15795
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49394
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691314

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?