16 Январ 2018
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҷаласаи фаъолон баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2017 маърўзаи муфассал намуда, самтҳои асосии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти фаъолиятро таҳлил карда, зикр дошт, ки дар соли 2017-ум тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром ва бонизом доштанд. Аз ҷумла, ба иқтисодиёти шаҳр дар соли ҳисоботӣ 696,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 668,8 миллион сомониро инвеститсияи хориҷӣ ва 27,9 миллион сомониро инвеститсияи дохилӣ ташкил дод. Қисми даромади буҷети давлатӣ 109,8 фоиз таъмин гардида, нақшаи даромади буҷети шаҳр 111,9 дарсад ба иҷро расид. Соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳр бо 23 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошта, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 2,7 маротиба зиёд шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни пурсиши натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ба масъулини соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, энергетика, корхонаҳо, ҷамоати шаҳракҳо доир ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ изҳори нигаронӣ намуда, мушаххас барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуд.