Матни равон

Имрӯз, 23.11.2026 дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ" ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар конференсияи мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Алиев Қурбонбой муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорони муассисаи мазкур Муҳаммадиев Кенҷабой ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки 34 сол муқаддам дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллии кишвар - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва тӯли ин солҳо дар ҳар кадом як гӯшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд. Бемуҳобот ин рамзи ҷовидонии миллат ва давлат мебошад.

Дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.

Дирафши Ковиёнӣ, ки бо номҳои Дирафши Ковиён, Алами Фаредун, Ахтари Ковиёнӣ низ маъруф буд, дирафши таърихии мардуми тоҷику форс аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён ба ҳисоб рафта, ба ишораи муаррихон, як миллион сиккаи тилло арзиш дошт.

Тибқи асотир, Коваи диловар пас аз саркӯб кардани Заҳҳок Фаредунро бар тахти шоҳӣ менишонад. Фаредун баъди соҳиби тахту тоҷ гардидан фармон медиҳад, ки пешдомани чармии Коваро бо дебоҳои зарду сурх, бунафш ва зару гавҳар ороиш дода, онро дирафши шоҳӣ хонанд. Дар бораи дирафши Ковиёнӣ муаллифи «Таърихи Табарӣ» маълумот дода, таъкид мекунад, ки он 12 арш ва ба ҳисоби имрӯзӣ тақрибан панҷ метр бар ва ҳафт метр дарозӣ доштааст. Муаррихи дигар Ибни Халдун дорои ситора будани дирафши мазкурро таъкид карда, аз вуҷуди ақидае хабар медиҳад, ки мувофиқи он ҳар шоҳе, ки соҳиби Дирафши Ковиёнӣ мешуд, шикастнопазир буд.

Ин дирафш пас аз ҳуҷуми арабҳо дар замони ҷанги Қодисия ба дасти Зирор ибни Китоб афтод. Ӯ дирафшро, ки он вақт гуфта мешуд, то як миллион динор арзиш дошт, ба сӣ ҳазор динор фурӯхт. Чун онро ба назди халифа Умар ибни Хаттоб бурданд, ӯ аз бисёрии гавҳару марвориде, ки ба дирафш овехта шуда буд, дар ҳайрат афтод.

Яъқуби Лайси Саффорӣ ҳангоми муқовимати худ зидди хонадони Аббосӣ дар шеъре, ки ба унвони халифаи Аббосӣ фиристода буд, дирафши Ковиёниро рамзи пирӯзӣ ва ифтихори мардуми ориёинаҷод арзёбӣ карда, менависад: «Дирафши Ковиёнӣ ҳамроҳи ман аст ва умедворам, ки зери ливои он бар миллатҳо ҳукумат кунам».

Бояд гуфт, ки Дирафши Ковиёнӣ то имрӯз рамзи давлатдории мардуми моро ифода мекунад, зеро он муборизаи Коваи оҳангар бар зидди зулму ситам (Заҳҳоки морон)-ро дар худ инъикос намудааст.

Яке аз тӯлонитарин замонҳо барои парчам ба замони Ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони Ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст.

Ба ишораи сарчашмаҳо, қаҳрамонони миллии мардуми форс Абӯмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин низ соҳиби парчамҳои хосе будаанд. Тарафдорони Абӯмуслимро ба эътибори ранги парчамашон Сиёҳҷомагон ва ҷонибдорони Бобаки Хуррамдинро вобаста ба ранги парчамашон Сурхҷомагон меномиданд.

Ҳамин тариқ, вуҷуди парчамҳои гуногуни гузаштагони мо баёнгари он аст, ки парчамдорӣ нишони соҳибдавлатии мардуми куҳанбунёди мо мебошад, зеро халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ соҳиби тамаддун, фарҳанг ва маданияти оламшумул буда, дар байни ақвоми олам ҷойгоҳи шоиста доштааст.

Бояд гуфт, ки дар солҳои 1929-1992 Тоҷикистон соҳиби парчамҳои гуногун будааст. Нахустин парчами Тоҷикистон 23 феврали соли 1929, пас аз ҷумҳурии мустақил шудани кишвар пазируфта шудааст.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳамзамон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва ҷойи ин рамзи муқаддаси миллат ва давлат хеле возеҳ ва равшан дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ муайян карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсия омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Парчами мо дорои се ранг - сурх, сафед, сабз мебошад ва ҳар як ранг ва нишонаш мазмуни баланд дорад. Ранги сурх мубориза ва ҷоннисориҳои халқро баҳри озодӣ ва истиқлолият нишон медиҳад. Махсусияти ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, шири поки модар, виҷдону дили пок, имони комил ва беғуборӣ, рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ин ранг ҳамчунин бахту иқболи сафед ва покии виҷдонро ифода мекунад.

Ранги сабз саъю кӯшиши сокинони кишвар барои сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро мефаҳмонад. Он чун рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ зебоӣ ва маънои дини мубини Исломро дар худ таҷассум менамояд.

Ранги сурх рамзи дониш, таърих, фатҳу нусрат, субҳи дилоро, ифтихор, сурхрӯӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин ранг ифодагари рамзи парчами Коваи оҳангар низ мебошад, ки аз чарми сурх буд. Нишони тоҷи заррини мобайнӣ соҳибистиқлолӣ, тоҷдорӣ ва доштани тамаддуни бойи илмиву фарҳангӣ ва куҳанбунёдии миллатро таҷассум менамояд. Рӯи ранги сафед дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки бо Қонуни махсус тасдиқ шудааст, ҷой, макон, вақти афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст, ки риоя ва тартиби он барои ҳамагон воҷиб аст.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар суханрониашон бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Пешвои миллат чунин тазаккур дода буданд: «Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, ки рӯзи 24 ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад». Аз ин ҷост, ки мо ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирем.

Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми фарҳангдӯсту заҳматқарини кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахш ва раҳнамоии муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ эҳсос менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2251
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3978
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6229
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:43770
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:122363
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10325547

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?