Матни равон

Дар толори хурди МИҲД-и шаҳр тибқи нақлаи Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳлати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шинохти нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди кишвар, вохӯрӣ таҳти унвони «Президент — шахсияти барҷастаи миллат» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ, раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, Карамулло Одилов иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, Абдумалик Шоназарзода мудири бахши муҳоҷират, Рустамҷон Одизода сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил" ва Абдуллоева Шабнам аъзои гурӯҳи тарғиботӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас мебошанд.

Қайд гардид, ки маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон заминаҳои устувори давлатдории миллӣ гузошта шуда, барои пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат, кишоварзӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳими давлатӣ амалӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, иштирокчиён вобаста ба аҳамияти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва зарурати ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу ваҳдат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфта шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар ободии Ватан саҳм гузоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1865
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3740
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5605
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26055
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:77969
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:132702
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10281153

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?