Матни равон

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.

Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд.

Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ гардид.

Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо  кор таъмин хоҳанд шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалии Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи истихроҷи маъдани сурбу нуқра 2 миллион тоннаро ташкил дода, тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, аз он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст.

Дар муддати тақрибан якуним сол дар наздикии кон корхонаи маъдантозакунӣ пурра аз нав бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Шветсия, Финландия ва Чин муҷаҳҳаз карда шуд.

Имрӯз дар ин корхона се коргоҳи майдакунии маъдан, коргоҳи осиёб, бахши флотатсия, дастгоҳи ғафскунӣ ва матбуоти филтрии истеҳсолӣ фаъолият дошта, тамоми марҳилаҳои асосии коркарди маъдан бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудаанд.

Корҳои танзим ва ба кор даровардани таҷҳизот ба анҷом расида, истеҳсоли аввалин маҳсулоти таҷрибавӣ — консентрати сурбу нуқра оғоз гардидааст.

Дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба барқарорсозии инфрасохтори корхона низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Хобгоҳҳо, осоишгоҳ, маҷмааҳои меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти вобаста ба корхона таъмири асосӣ ва навсозӣ гардиданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки ба шаҳраки Адрасмон ташриф меоранд, меҳмонхонаи муосири Симин бо 12 ҳуҷра бунёд гардида, барои истироҳату фароғати онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Барои интиқоли партовҳои коркарди маъдан аз фабрика ба партовгоҳи №2 ва истифодаи такрории обҳои техникӣ ду хатти қубур бо қутри 377 миллиметр ва дарозии 4400-метрӣ васл карда шудааст.

Бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо неруи барқ зеристгоҳи баландшиддати 35/10 киловолт бо ду трансформатори иқтидорашон 16 ҳазор киловат ва таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 15 километр хатҳои барқи баландшиддат бо пояҳои бетонӣ васл гардида, ноқилҳои хатҳои интиқоли неруи барқ пурра нав карда шуданд.

Барои зиёд намудани иқтидори истихроҷ нақби нақлиётии №2 ба масофаи беш аз ду километр канда шуда, бо усули пошдиҳии бетон мустаҳкам ва роҳҳои нақлиётгарди он бетонпӯш карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки қатъ гардидани маблағгузорӣ ва аз фаъолият бозмондани конҳо аз соли 2013 ба зерсохтори истеҳсолӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар натиҷа нақбҳои Кони Мансури Шарқӣ ва нақби нақлиётии №1 зери об монда, қисми зиёди таҷҳизоту механизмҳои истеҳсолӣ барои истифодаи минбаъда корношоям гардида буданд.

Таҷҳизоти рӯизаминӣ низ дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва солҳои зиёд истифода нашудан фарсуда гардида буд. Ҳоло бошад, дар доираи барқарорсозии корхона таҷҳизоти кӯҳнаи зеризаминӣ пурра бо дастгоҳу механизмҳои муосир иваз карда шудааст.

Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии шаҳраки Адрасмон низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шудаанд. Аз истгоҳи обкашии Дрешсой агрегати обкашӣ ва таҷҳизоти барқии вакуумӣ харидорӣ ва насб гардида, ба Корхонаи давлатии хоҷагии манзилии Адрасмон супорида шуд.

Бо мақсади таъмини корхона бо оби техникӣ ва нӯшокӣ 11 чоҳи амудӣ канда ва ба истифода дода шуда, дар истгоҳи обкашии Қаромазор низ таҳкурсии агрегатҳои обкашӣ пурра таҷдид ва таъмир гардид ва насосҳои нави обкаш насб карда шуданд.

Бино ва иншооти истеҳсолии қитъаҳои кон ва коргоҳҳои ёрирасон низ аз таъмири асосӣ ва навсозӣ бароварда шуданд. Бинои коргоҳи карбид ва оҳангарӣ барои ҷойгир намудани лабораторияи кимиёвӣ навсозӣ карда шудааст.

Дар майдони истеҳсолии шахтасозӣ бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона сохта шуда, ба истифода дода шудаанд. Бинои маъмурии идораи комбинат низ дар шакли сеошёна бо тарҳи замонавӣ ва шароити муносиби корӣ бунёд гардидааст.

Барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ зиёда аз 200  нақлиёт ва таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, барқарорсозии Адрасмон ба рушди иқтидори саноатии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар мусоидат менамояд.

Барои кормандони комбинат шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои вобаста ба музди меҳнат, андоз, неруи барқ ва дигар уҳдадориҳои ҷамъшуда, ки дар давоми 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил медоданд, марҳила ба марҳила пардохт шуда истодаанд.

Баробари ба кор даромадани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда, Корхонаи азими саноатии Адрасмон метавонад ба яке аз марказҳои муҳими истихроҷ ва коркарди маъданҳои сурбу нуқра табдил ёфта, дар рушди саноати маъдантозакунии кишвар саҳми назаррас гузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2796
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6161
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2797
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29952
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81303
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:133760
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10026793

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?