Матни равон

Имрӯз, 19.08.2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Рӯзи кормандони соҳаи тиб бошукӯҳ таҷлил гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кормандон ва собиқадорони соҳаро ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 1046-солагии табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори «Солимии миллат - боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.

Дар шаҳр 33 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла: 7 адад марказҳои саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 адади маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, як адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии “Закариёи Розӣ”, маркази тиббӣ - хусусӣ “Сино”, 6 марказҳои махсусгардонидашуда, як коллеҷи тиббӣ ва 1 адад стансияи ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 99 нафар табибон ва 364 нафар ҳамширагони шафқат фаъолият мебаранд.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳр 3 нафар номзади илми тиб, 16 нафар дорандагони нишонаи сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи медали шафқат, 1 нафар медали хизмати шоиста фаъолият менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.

Изҳори итминон карда шуд, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, шифобахшӣ ба дарди мардумро сарбаландона адо менамоянд.

Инчунин, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд Индира Исломова номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорон раоснид.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳа унвони "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.

Баҳри болидахотирии кормандони соҳа барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр манзур карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:135
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4157
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20737
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28344
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81384
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9893114

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?