25 Июн 2026
Санаи 23.06.2026 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз санаи 20-уми апрели соли 2026 ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Убайдуллоев Аҳрорҷон, Ӯзбеков Салоҳиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ чунин таъкид намудаанд: “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.
Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз, дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик амалӣ гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, дар давоми наздик ба 35 соли Истиқлоли миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.
Дар фарҷом бахши фарҳанги шаҳр барои тарғиби таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва беҳтарин ташкилоти ибтидоии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Инчунин собиқадори шаҳр аз тарафи намояндагон аёдат гардид.






















