15 Апрел 2026
13-уми апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар толори ҷамоати шаҳрак бо фаъолон ва соҳибкорони шаҳрак мулоқот намуд.
Раиси ҷамоати шаҳрак Улуғбек Хоҷаев доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ гузориш манзур намуд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни суҳбат баён дошт, ки имрӯзҳо сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон дар партаври дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 7-уми январи соли 2022 №311 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2022, №41, Қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 5-уми марти соли 2022 №76 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, тибқи он нақшаи чорабиниҳо бо тағйиру иловаҳо иборат аз 280 номгӯии иншооти ҷашнӣ, бахшида ба ифтихори таҷлили 35-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардида, тасдиқ шудааст.
Аз ин теъдод дар маркази шаҳр нақша 147 адад, иҷро 147 адад, ҷамоати шаҳраки Адрасмон нақша 49 адад, иҷро 49 адад, шаҳраки Консой нақша 14 адад, иҷро 14 адад, шаҳраки Чоруқдаррон нақша 20 адад, иҷро 20 адад, шаҳраки Зарнисор нақша 16 адад, иҷро 16 адад, шаҳраки Сирдарё нақша 36 адад, иҷро 36 адад. То ба имрӯз 282 адад иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 101,0 фоизи нақшаро фаро мегирад ва корҳо дар самти барзиёд иҷро намудани нақша идома дорад.
Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон 49 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, ҳамаи иншооти ба нақша гирифта шуда бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. Дар иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла мумфаршнамоии роҳҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти барои ҷомеа муҳим соҳибкорони маҳаллӣ ташаббускорӣ намуда, саҳми арзишманди худро гузоштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷонибдории ташаббусҳои созандаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, минбаъд низ барои ҳамагуна дастгирии соҳибкорон омода мебошад. Моро мебояд, ки ҳама якҷоя барои диёри худ, маҳал, шаҳрак, шаҳр ва дар маҷмуъ барои ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Дар фарҷом як қатор соҳибкорон ва шазсони саховатпеша, ки дар ободонии маҳал саҳм гузоштаанд бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.






















