Матни равон

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ" дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Санаи 02.04.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳр шинос гардид.

Нахуст аз ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" дидан карда шуд. Масъулини корхона иттилоъ доданд, ки дар корхона коргоҳи нави қолинбофӣ бо ворид намудани технологияи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуда, иқтидори истеҳсолии корхона ва теъдоди ҷойҳои корӣ афзоиш меёбанд.

 

Инчунин, аз ҶДММ "Тиглат" дидан карда шуд. Дар корхона сохтмони коргоҳи нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар идома аз ҶДММ "Ахтари Суғд" дидан карда шуд. Дар ҶДММ "Ахтари Суғд" гулҳои ороишӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва усулу равишҳои муосир парвариш карда мешаванд. Барои афзун намудани навъҳои гулҳои ороишӣ бунёди гармхонаҳои иловагӣ бо маром ҷараён дорад.

Сипас, бо ҷараёни корҳои сохтмонии сехи иловагии истеҳсоли арматура дар ҶДММ "Маҳмуд и КО" дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нави истеҳсолӣ барои афзудани иқтидори корхона, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида истодааст.

Ҳамчунин, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ "Саноати сабз", ҶДММ "Сифат - мурғ", ҶДММ "Орзуи аъло" ва тарабхонаи "Соҳил" дидан карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бунёди коргоҳу корхонаҳои мазкурро барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, "Солҳои рушди саноат" эълон гардидани солҳои 2022-2026, расидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии миллӣ "Саноатикунонии босуръати кишвар" муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, мунтазам ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1142
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:947
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2089
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6956
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9392725

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?