Матни равон

17 марти соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси бузурги фарҳангию таърихии миллати тоҷик” дар толори кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, мудири бахши адабиёт ва камолшиносии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Исмоил Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни фарҳангию таърихии миллати тоҷик ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилал рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз зикр менамоянд, ки: “Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад. Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад. Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд”.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

Ҳарчанд ки дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккули худ ин ҷашн таҳти таъсири монеаву маҳдудиятҳои зиёд қарор гирифтааст, вале бинобар асолати табиӣ, арзишу аҳаммияти ҷовидонаи мардумӣ ва фалсафаи нерӯманд доштанаш зиндаву поянда монда, то замони мо расидааст.

Баромадкунандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи конференсия фикру андешаҳо ва маълумотҳои ҷолибро ба самъи иштирокдорон расониданд.

Дар фарҷом як қатор аъзои фаъоли ҳизб бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1435
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2808
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4243
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20594
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38925
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9492402

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?