28 Феврал 2026
28-уми феврали соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Зимни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шаҳрдор муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои марбут ба моликияти шахсӣ ва амсоли инҳо суолҳо дода шуд.
Раиси шаҳр ҳар як муроҷиатро мавриди омӯзиш қарор дода, ба нафарони масъул ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва андешидани чораҳои мушаххас супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон ва расонидани кумаки амалӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки чунин тарзи қабули шаҳрвандон бо Илҳом Пӯлотзода ба таври мунтазам баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкории судманд миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.






















