27 Феврал 2026
КОНСОЙ. Силсиламулоқотҳои прокуратура дар қаламрави шаҳри Гулистон идома дорад. 27-уми феврали соли равон дар толори ҶМ ТКММ “Апрелевка” вохӯрии навбатии прокурори шаҳр Вазир Вазирзода бо сокинон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин дидор шарҳу тавзеҳи нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа буд.
Дар оғоз прокурори шаҳр зикр дошт, ки Паём на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди кишвар, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад.
- Аз таҳлили Паёми навбатӣ бармеояд, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардида, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд, - афзуд номбурда.
Дар идомаи чорабинӣ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби прокурори шаҳр Вазир Вазирзода гузаронида ва доир ба масъалаҳои ҳалталаби муроҷиаткардагон посухҳои саҳеҳ дода шуд.






















