27 Феврал 2026

26 феврали соли 2026 дар шаҳри Гулистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ тамрини ситодии мудофиаи гражданӣ таҳти мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ» баргузор гардид.
Амалиёти омодагӣ бо баромади муовини аввали Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода оғоз ёфт.
Муовини роҳбари тамринҳои ситодӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон подполковник Шуҳрат Ализода вазифаҳоро ба ҷамъомадагон фаҳмонид. Тавре возеҳ шуд ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбӣ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.
Ба тамрин бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, комиссияи шаҳрӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.
Роҳбарии тамрини ситодиро Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба уҳда дошта, муовини роҳбар подполковник Шӯҳрат Ализода таъин гардид.
Тамрин сатҳи омодагии сохторҳои дахлдори шаҳрро дар самти таъмини амнияти аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода боз ҳам таҳким бахшид.
Дар интиҳо барои иштироки фаъолона, таъмини бехатарии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва босифату саривақт иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда дар ташкил ва гузаронидани “Тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ” якчанд нафар бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд.





















