Матни равон

Санаи 20.02.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади огаҳӣ аз тадбирҳои омодагӣ ба Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо фаъолияти корхонаю муассисаҳои маорифу тандурустии Ҷамоати шаҳраки Консой дидан ба амал овард. Шаҳрдорро муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахш ва намояндагони ВАО ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳрак дидан карда шуд. Зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, хонандагонро ба омӯзиши амиқ таъкид намуд.

Сипас, аз МДТ "Уқобак" дидан карда шуд. Дар шаҳрак як адад муассисаи томактабӣ фаъолият дорад ва эҳтиёҷоти сокинонро ба пуррагӣ таъмин менамояд.

Дар идома шаҳрдор дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Дар шафати роҳи хиёбонҳои шаҳрак дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Баъдан аз фабрикаи заршӯии ҶМТКММ "Апрелевка" ва ташхисгоҳи наву замонавии корхона, ки нав ташкил карда шудааст, дидан карда шуд.

Дар идомаи сафари корӣ Илҳом Пӯлотзода инчунин аз беморхонаи шаҳрак дидан кард.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмиру тармими биноҳо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар интиҳои ҷараёни сафари корӣ собиқадорони меҳнатро, ки солиёни зиёд фаъолияти меҳнатии хешро баҳри шукуфоӣ ва ободии диёр бахшидаанд аёдат намуда, ба онҳо офият, зиндагии хуш ва камолоти пирӣ таманно намуд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулини ҷамоати шаҳрак ҷиҳати тақвияти корҳо дар ҳама самт, хоса корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супоришҳли мушаххас дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:240
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:45
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9412
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54733
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9352049

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?