19 Феврал 2026
Дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи таъмири трансформатор ва таҷҳизоти барқии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Неруи Гулистон" шинос гардид.
Коргоҳи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат бунёд шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти насбшуда имкон медиҳад, ки корҳои таъмир ва барқарорсозии трансформаторҳо бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шаванд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ таъмири то 8 адад трансформатор дар як моҳ аст.
Фаъолияти чунин коргоҳ ба беҳтар гардидани хизматрасонии техникӣ дар соҳаи энергетика, таъмини фаъолияти мунтазами шабакаҳои барқӣ ва коҳиши хароҷоти вобаста ба ирсоли таҷҳизот барои таъмир ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Зимни боздид роҳбари вилоят таъсиси чунин коргоҳҳои навбунёдро барои рушди устувори низоми энергетикӣ муҳим арзёбӣ намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки сатҳу сифати хизматрасониро пайваста баланд бардоранд. Масъулини ҶДММ «Неруи Гулистон» иброз доштанд, ки дар оянда бунёди коргоҳи нави дигар низ дар назар аст.
Дар идома Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода раванди корҳои сохтмониро дар як қатор иншооти нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Шамс тиҷорат" ва коргоҳи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сифат мурғ" мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Таъкид гардид, ки солҳои охир бо истифода аз имтиёзу дастгириҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд марҳила ба марҳила рушд намуда, бунёди чунин коргоҳҳо дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ва тухм мусоидат менамояд.
Дар шаҳри Гулистон зарфиятҳои мавҷудаи соҳаи саноат мақсаднок истифода гардида, ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ вусъат меёбад.
Дар охири боздиди корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори меҳнат Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадори меҳнат туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим кард.























