Матни равон

Гузориши мухтасар аз нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар иртибот ба натоиҷи иқтисодию иҷтимои дар соли 2025

Дар нишасти матбуотии мазкур наздик 50 нафар бо намояндагӣ аз васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Рустамҷон Одизода, сармуҳаррири нашрияи шаҳрии “Соҳил” бо ифтитоҳи ҳамоиши мазкур ба ҳозирин иттилоъ дод, ки дар нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Зулфиқор Тоҳиров ширкат дорад.

Раиси шаҳр қабл аз посух гуфтан ба суолҳои хабарнигорон аз натоиҷи хоҷагии халқи шаҳр дар соли сипаришуда мухтасар гузориш дод. Мавсуф иброз дошт, ки соли 2025 дар маҷмӯъ барои бошандагони шаҳри Гулистон мусбӣ ва аз лиҳози дастовардҳо хотирмон буд.

Яке аз ченакҳои рушд чи дар иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, бешубҳа, ин албатта, қисми даромади буҷети давлатӣ маҳсуб меёбад, ки ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 297,6 миллион сомонӣ дар асл иҷро 326,8 миллион сомониро ташкил дод, ки ин ба 110 дарсади иҷрои нақша баробар мебошад ва ё агар мушаххасан гирем аз нақша 29,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Бешубҳа, барзиёд иҷрокунии нақша ба роҳбарияти МИҲД-и шаҳр имконият медиҳад ва шароит фароҳам меоварад, ки бисёр масоили мубрами иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла, созандагиву ободкорӣ вусъати тоза гирад.

Яке аз дигар ченакҳои мӯътадили пешравии шаҳр, ин албатта, саривақт ва босифат иҷрошавии нақшаи андозӣ давлатист. Дар ин ҷода ҳам хушбахтона, нишондиҳандаҳои Гулистон чун шаҳри донор муассир буда, ҳама намуди андозҳо пурра ва босифат иҷро шуданд, ба мисоли: андоз аз даромад 100,8 фоиз, андоз аз объектҳои ғайриманқул 104,5 фоиз ва андоз аз арзиши иловашуда 158,9 дарсад таъмин шуданд.

Гулистон дар миқёси вилоят аз ҷумлаи шаҳрҳои рушдёфтатарини мамлакат маҳсуб ёфта, ҳамзамон чун донор-дастгирикунандаи молиявӣ дар пешравии шаҳру навоҳии субвенсионии вилоят саҳми муассир мегузорад. Ҳамин ченаки муҳим аст, ки кормандони соҳаҳои буҷавӣ, нафақахурони шаҳри соҳили “Баҳри Тоҷик” музду нафақаи хешро саривақт мегиранд. Имрӯз музди миёнаи маоши кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 3 ҳазору 417,06 дирамро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи баландтарин миёни шаҳру навоҳии кишвар мебошад.

Илҳом Пӯлотзода, Раиси шаҳр бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд ва Барномаи рушди саноат барои “Солҳои 2021-2026” таваҷҷуҳ ба ин самт ҷиддӣ буда, бо талошу тараддудҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, албатта, соҳибкорони ба нангу номуси шаҳр, ҷалби сармояи мустақил ба пешравии назаррас ноил мешаванду ҳам иқтисодиёт рушд мекунаду ва ҳам ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Дар ин радиф соли 2025 бо ширкати бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти ҷашнӣ: корхонаҳои ҶДММ “Тиглат”, 6-агрегати НБО-и “Қайроққум” пас аз таҷдид, ҶДММ “Истиқлоли Гулистон” ва ҶДММ “Орзуи аъло” ифтитоҳ ва ҷавонони маҳалӣ соҳиби ҷойҳои кори доимӣ ва музди хуби маош шуданд.

Бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои саноатии Гулистон бинобар ташкили хуби кор ва самаранокии корхонаҳо муваффақ шуданд, ки ба маблағи 4 миллиарду 871,5 миллион сомонӣ тавлиди маҳсулотро ба роҳ монанду 93 номгӯйи маҳсулотро истеҳсол кунанд.

-Гулистон,- таъкид кард Илҳом Пӯлотзода, -чун шаҳри сайёҳӣ миёни кишварҳои ҷаҳон машҳур буда, дар ин ҷода хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам устувортар қадам мезанад. Феълан ин ҷо ҶДММ “Соҳил”, ҶДММ “Шифо”, ҶДММ “Абдуқодир Ҷабборзода”, ҶДММ “Усмонҷон ” ва ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон” тамоми фасли сол дар хизмати сайёҳон ва шаҳрвандони ватанӣ қарор дошта, тамоми шароити ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалиро доро мебошанд.

Баъдан Раиси шаҳр ба суолҳои намояндагони зиёди васоити ахбори умум, ки фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи шаҳр буданд посух гуфт.

Бо назардошти иштироки теъдоди зиёди рӯзноманигорон ва то андозае такрори суолҳову ва ҳам шабеҳи онҳо ин ҷо низ гузориш бо таври ихчам манзури шумо хонандагони арҷманд мегардад.

Мирзоаъзам Мақсудов , “Народная газета”:-Барқарорсозии корхонаи коркарди “Адрасмон” дар кадом ҳол қарор дорад?

Илҳом Пӯлотзода:- Ин масъала дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, феълан мутахассисони ширкати муштараки Тоҷикистону Чин “Асим” бо суръати баланд ба бунёди инфрасохторҳои калидии корхона машғул буда, то ин дам корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. Корхонаи нави коркарди маъдан аз корхонаи қаблӣ аз лиҳози технологӣ куллан фарқ дошта, дар заминаи талаботи замони муосир, бо такя ба таҷҳизоти замонавии камхарҷи барқиву ҳамзамон коркарди сифатан аълои маъдан бунёд мешавад. Интизорӣ меравад, ки дар марҳилаи аввал то 500 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар дурнамо бошад теъдоди кормандону иқтидори корхона афзоиш хоҳад ёфт. Барои ҳамин ҳоли ҳозир бо дарназардошти ин ҳадаф хобгоҳҳои замонавӣ тармим ва сохта мешаванд.

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигор: -То чӣ андоза болоравии арзиши маъданҳои қимматбаҳо: тилло ва нуқра ба рушди иқтисодии шаҳр мусоидат мекунанд?

Илҳом Пӯлотзода: -Барзиёд иҷро шудани нақшаҳои истеҳсолии корхонаҳои коркарди маъдани шаҳр, ин худ аз мусоидат ба равнақи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон аст. Бори аввад дар даврони соҳибистиқоли истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр ба 4 миллиарду 871 миллиону 516,6 ҳазор расид. Табиист, ки болоравии маҳсулоти маъдан дар бозори ҷаҳонӣ ин ба манфиати ҳар шаҳри саноатист!

Гулҷаҳон Маҳкамова, “Ҳақиқати Суғд” ва Раънои Муҳаммад, “Кайҳон”: -Оё ҷалби мутахассисони хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст ва ё имрӯз такя ба мутахассисони ватанист?

Раиси шаҳр: -Бо назардошти он ки мутахассисони маҳалӣ-ватанӣ имрӯз басанда мебошад, ҳоло ҳозир бо онҳо такя мешавад, вале бо гузашти вақт, албатта, мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ё аз минтақаи дигар низ дар назар дошта шудааст ва имрӯз ҷойҳои хоб-Хонаи иҷтимоӣ бунёд мешавад.

Нодир Турсунзода, “Садои мардум”: -Дар масъалаи гузариши шаҳр дар истифодабарии барқ ба усули “биллингӣ” чи гуфта метавонед?

Раиси шаҳр: -Ҳоло дар шаҳри Гулистон бо назардошти талафоти ками барқ ба ин усул нагузаштаанд, вале дар оянда дар назар дошта шудааст. Содир кардани ҷиноят дар иртибот ба истифодаи барқ нест!

Фарзона Муродӣ, Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс”: -Соли гузашта дар ҷангалзори дар тавозуни Гулистон буда чанд ҳолати сӯхтор ба вуқӯъ пайваст ва чӣ қадар дарахтон нобуд шуданд?

Шаҳрдор: -Бевосита дар ҳудуди ҷангали тобеъ ба Гулистон ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст, аммо мутахассисони мо дар пешгирии сӯхтори дар ҳудуди ноҳияи Ашт буда дасти мадад дароз карданд.

Мафтуна Шукурова, СМ-1: -Ба чанд адад қарорҳои Раиси шаҳр аз ҷониби сохтори прокуратура эътироз оварда шудааст ва чанд нафар сокинони шаҳр дар навбат ба гирифтани қитъаи замин мебошанд?

Шаҳрдор :- Аз тарафи мақомоти додситонӣ ба 11 қарори шаҳр эътироз оварда, бекор карда шудааст. Барои гирифтани қитъаи замин бошад 820 нафар ба қайд гирифта шудаанд вале бо ваҷҳи он ки дар шаҳр Фонди замин нест, қитъаҳои замин тақсим нашудаанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон: Фирӯза Мирҷумаева, телевизиони “Диёр”, Файзулло Ҳасанов, “Согдийская правда”, Ӯғулой Раҷабова, телевизиони “7-ситора”, Муҳайё Қаюмова, “Суғдпресс”, Обидҷон Каримов, телевизиони “Синамо”, Афзал Босалиев, телевизиони “Азия”, Мадина Почоева, “Ҷаҳоннамо” оид ба мавзӯҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу маориф ва тандурустӣ суолҳои худро манзур кардаву аз тарафи Раиси шаҳр посух гирифтанд.

Дар ниҳоии нишасти матбуотӣ иттилоъ шуд, ки бо ташаббуси Бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва МИҲД-и шаҳри Гулистон дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Озмун эълон мекунанд “Барои беҳтарин инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз рӯи се мавзӯъ( номинатсия):

Гулистон-шаҳри сайёҳӣ:

Рушди саноат дар даврони соҳибистиқлолӣ:

Маориф ва тандурустӣ дар 35-соли истиқлолият:

Ғолибони озмун дар Рӯзи шаҳр 16-сентябр бо таври ботантана бо ҷоиза қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1542
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3708
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12158
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15759
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9313075

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?