31 Декабр 2025
Дар шаҳри Гулистон вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Иштирокчиён аз аҳаммияти Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки Паём ҳамчун санади роҳнамо ва ҳидоятгар барои рушди устувори кишвар, таҳкими иҷтимоӣ ва идомаи сиёсати созанда хизмат менамояд.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат дар Паём дар бораи фаъолияти занони меҳнатдӯст, нақши онҳо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисод, ҳамчунин дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон суханрониҳо намуда, имкониятҳои баробарро барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт таъкид карданд. Гуфта шуд, ки зану модар ҳамчун нерӯи созанда ва пуштибони оилаи солим низоми иҷтимоии кишварро мустаҳкам месозад ва барои расидан ба ҷомеаи пешрафта саҳми занон нигаронидашуда аст.
Иштирокчиён тавассути баромадҳо ва мулоҳизаҳои худ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ барои пешбурди амалии ислоҳот, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, тавсеаи имкониятҳои занон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлат хизмат менамояд.
Чорабинӣ дар фазои пурсамар ҷамъбаст ёфт, ки дар ҷараёни он иштирокчиён иқдомҳо оид ба татбиқи масъалаҳои Паём, аз ҷумла дар самти дастгирии занон ва оила, дар сатҳи ҷамоат муҳокима намуданд.






















