Матни равон

Имрӯз, 06.11.2025 тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазораи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 07746 бо иштироки падару модарони сарбозон ва наврасону ҷавонони шаҳрак баргузор карда шуд.

Дар маросими савгандёдкунии сарбозон муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, командири қисми ҳарбии 07746 полковник Одиназода Амриддин ва раиси ҷамоати шаҳрак Наргиза Бердиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар фазои тантанавӣ 60 нафар наваскарони қисми ҳарбии 07746 савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.

Сипас, аз ҷониби бароманкунандагон таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Хизмат ба Ватан пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванд мебошад.

Ба наваскарон барои хизмати софдилонаву садоқатмандона ба халқу Ватан, вафодор мондан ба савганди ҳарбӣ ва бо сари баланд ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ барори кор таманно карда шуд.

Дар фарҷом санъаткорон барномаи рангини фарҳангиро манзури сарбозону афсарон намуданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1610
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2403
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9847
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16152
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13616
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9064867

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?