13 Сентябр 2025
Санаи 12-уми сентябри соли 2025 зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва азнавбарқарорсозӣ дидан намуд.
Нахуст аз рафти сохтмони майдончаи варзишӣ дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии замонавӣ бо тарҳи муосир бо шароити зарурӣ барои ба варзиш машғул шудани сокинон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида истодааст.
Сипас, аз ҷараёни сохтмони ҳаммоми муосир дар шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур тибқи нақша идома дошта, дар муҳлати муайянгардида ба истифода дода мешавад.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд сохтани иншооти ҷашнӣ супориш дод.
Дар идома Раиси шаҳр бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ аз ҳолати насосҳои обкашии шаҳрак дидан карда, ба нақша гирифта шуд, ки барои беҳтарсозии вазъи таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ насосҳои аз кор монда, марҳила ба марҳила барқарор карда шаванд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз бо рафти корҳои барқарорсозии иқтидорҳои аз кормондаи Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон" шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои барқарорсозии иқтидорҳои солҳо бекормондаи корхона ҷараён дошта, масъулин барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва омода намудани корхона ба фаъолият талош доранд.