Матни равон

9-уми сентябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва Қаҳҳоров Комрон сардори шуъбаи шаҳри Гулистони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсакди арҷгузорӣ ба корнамоиҳои фарзандони шуҷои Ватан Шерафган Тошев собиқ афсари сохтори КДАМ-ро ки зимни муноқишаҳои марзӣ маҷруҳ гардидааст ва оилаи Эркин Абдусатторовро, ки зимни муноқишаҳои марзӣ 16-уми сентябри соли 2022 ба ҳалокат расида буд аёдат намуданд.

Нахуст аз ҳолу аҳволи афсари сохтори КДАМ Шерафган Тошев дидан карда шуд.

Сипас хонаводаи марҳум Эркин Абдусатторов аёдат кардла шуд. Зимни суҳбат бо хонаводаи мавсуф зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар корнамоиву фидокориҳои фарзандони асили худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатторов Эркин Турдибоевич пас аз маргаш бо ордени “Шараф” дараҷаи II аз 07.02.2023, таҳти №528 сафароз гардонида шуд.

Инчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни ин афсари шуҷои Ватан тадбирҳои муассисар андешида, бо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 10 марти соли 2023, №187 қисми кӯчаи Гулистон аз хонаи рақами 49 то то хонаи рақами №65-ро баҳри абадӣ гардонидани хотири неки фарзанди содиқи Ватан, афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич номгузорӣ намудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша барои дастириву ғамхории 4 фарзанди Абдусатторов Эркин Турдибоевич таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пайваста кумаку дастгирӣ менамояд.

Ба хонаводаи аёдатшудагон кумакҳои модиву молиявӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2693
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3857
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15975
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:28799
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8928861

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?