Матни равон

Имрӯз, 5-уми августи соли 2025 тибқи ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 1 то 10-уми сентябр, ки санаи 22-юми августи соли 2025 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ гардидааст дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Мастчоҳ» №18 Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғайрат Азиззода зимни суҳбат сокинони шаҳрро ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон муборакбод гуфт. Сипас, доир ба лоиҳаи нав ва тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, истифодаи самараноки нерӯи барқ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳҳои пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи 2-солаи маводи ғизоӣ, вусъати корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва дигар масъалаҳои доғи рӯз изҳори назар намуда, сокинонро ба татбиқи амалии нуктаҳои ироагардида даъват намуда, итминон дошт, ки сокинони шаҳри Гулистон дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи амалигардонии ҳамаи нақшаву ҳадафҳои дар пешистода талош менамоянд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор гардонидани Истиқлоли давлатӣ ва вазъи иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мо ҳама сарҷамъона минбаъд низ барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Дар фарҷом бо интихобкунандагон суҳбати озод сурат гирифт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:411
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1625
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9284
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9284
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8909346

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?