Матни равон

Имрӯз, 21.07.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10-уми июли соли 2025 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, деректори маркази "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Ба нишасти матбуотӣ ҳамчунин муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват иштирок доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз Илҳом Пӯлотзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2025 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар шаш моҳи соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 170,5 миллион сомонӣ (116,0%) маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 52,5 миллион сомонӣ буда, 59,8 миллион сомонӣ (114,0%) ба иҷро расонида шуд. Аз нақшаи ҳашт намуди андозу пардохтҳои давлатӣ дар дар ин давра ҳамаи намудҳо ба пуррагӣ иҷро гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 846,4 миллион сомонӣ сармоя, аз ҷумла 831,0 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 15,4 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуд.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 71,8 миллион сомонӣ, ё ин ки 101,4 фоизро ташкил дод.

Аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 91,5 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шуд, ки нисбати соли гузашта 92,1 фоиз мебоашд. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 90,2 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта 94,7% мебошад.

Дар маҷмўъ 56,7 км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки 110,7 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Муштариёни шаҳри Гулистон ба маблағи 100,7 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда, дар ин давра 97,1 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 96,4%-ро ташкил медиҳад.

Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 3373,8 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 415,0 сомонӣ зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони хурду миёна 1132 нафар мебошад. Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10184 адад ва шумораи шаҳрвандони машғули кор 9348 нафар мебошад.

Аз 512 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 361 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки 71,1%-ро дар бар мегирад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 9 медал ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 58 медал гардиданд.

Дар 15 муассисаи таълимии шаҳр 9545/4565 нафар хонанда ба таҳсил машғул буда, ба онҳо 559 нафар омўзгор дарс мегӯянд.

Теъдоди табибон 98 нафар ва кормандони миёнаи тиб 351 нафар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 29 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат расониданд.

Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 136 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. Варзишгарони шаҳр дар маҷмуъ соҳиби 508 медал гардиданд.

Дар осоишгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 2141 меҳмони хориҷӣ ва 12026 истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмуъ 14167 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ 18,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр 99 ҷиноят ҷиноят ба қайд гирифта шуд. 97,6%-и ҷиноятҳо ошкор гардид. Дар ин давра 2 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар шаҳр 69 маъракаи гуногун, аз ҷумла 49 тўйи домодию арўсӣ, 18 маросими азодорӣ баргузор гардид.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 386 муроҷиати хаттӣ ворид гардид.

Дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба собиқадорон, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимону ниёзмандон 659,4 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, 210 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 75,0 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба болоравии нақшаҳои истеҳсолӣ, таъмини нақшаҳои андоз, сармоягузорӣ ба иқтисодиёти шаҳр, тақвияти соҳаи сайёҳӣ, вазъи ҷинояткорӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ободонии шаҳр, таъмини либоси мактабӣ, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1703
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1033
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2736
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17188
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61215
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8805942

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?