Матни равон

Имрӯз, 18.03.2023 дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тибии шаҳри Гулистон чорабинии идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, муассиси коллеҷи мазкур Комилҷон Комилов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва директори коллеҷи тиббӣ Юнусова Шаҳодат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Сездаҳ сол муқаддам дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгири ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалї рамзи ҳувияти миллї ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳанги пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Дар имрӯз аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, оростани дастархони “ҳафтсин”-у “ҳафтшин”, бозиҳои миллӣ, тоҷикона мепӯшем ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиёнӣ чорабинӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:472
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12885
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91272
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631117

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?