Матни равон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии №45025 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” доир намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода афсарону аскарони қисми ҳарбиро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Зимни суханронӣ қайд намуд, ки то оғози маъракаи баҳоронаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис карда истодаанд. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Боварӣ дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаи муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат сари вақт ҳозир мешаванд.

 

Чунон чи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад». Ӯҳдадории ҳарбӣ — ин ӯҳдадориест, ки ба дӯши ҳар шаҳрванди ҳар кишвар гузошта мешавад ва он иборат аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст.

Дар чорабинӣ якчанд афсарон барои хизматҳои шоён дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфарозонида шуданд.

Иштирокдорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз шароити аскарон аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:286
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3117
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3403
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20260
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34968
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9488445

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?