29 Октябр 2015
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба самти беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот таваҷҷуҳи доимӣ меандешад.
Қарори №209, аз 1 сентябри соли 2015 ба тасвиб расидаи Раиси шаҳр ба тақвият бахшидан ба раванди худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ тадбирҳои мушаххасро баҳри роҳандозӣ намудан нигаронида шудааст.