Матни равон

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи ҶДММ «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Гулистон машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои  мудофиаи граждании «Коллеҷи тиббӣ» ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода (заминларза)» ташкил ва гузаронида шуд.

Раванди машқи фармондеҳї дар се давра:  хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ, иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, таҳлил ва ҷамъбасти машқ  ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни машқ вазъият, муайян намудани ҳаҷми зарар ва андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулода комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягї бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи муассисаи мазкур, ҷамъ шудани ҳайати роҳбарикунандаи муассиса, ташкили навбатдории шабонарӯзї ба иҷро расонида, фаъолияти комиссияи эвакуатсионӣ, звенои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва неруҳои ғайриҳарбӣ дар вазъияти фавқулода санҷида шуд. Баъд аз ба анҷом расидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ва командирони неруҳои ғайриҳарбӣ оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда гузориш пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбасти машқ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов баромад намуда, доир ба натиҷаҳои ниҳої суханронї кард. Дар анҷом ба иштирокчиёни фаъоли машқ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи мутантан супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1860
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15049
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13170
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8757897

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?