zoofirma.ru

Бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегоҳирӯзии 7-уми сентябр дар шаҳри Гулистон роҳпаймоии ҷомеаи меҳнатии шаҳр доир гардид. Роҳпаймоӣ дар кӯчаи марказӣ ба сӯйи майдони “Тоҷикистон ба пеш!” сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, корхонаву ташкилот, муассисаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо бо  намоиши дастовардҳои меҳнатӣ ва дар даст шиору овезаҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар роҳпаймоӣ намуданд.

Чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!” идома ёфтанд.

Дар ибтидо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборакбод намуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи 30-юмин  солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодию ягонагӣ, мустақилият ва ба даст гирифтани сарнавишти худ мебошад. Он барои мо бузургтарин неъмати давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳо имкон фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф кунанд ва бо мо дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ намоянд. Тоҷикистон имрӯз ташаббускори ҳалли чанд проблемаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизму терроризм буда, инчунин барои дастрасии мардуми сайёра ба оби ошомиданӣ талош дорад. Ҳамаи ин дастовардҳоро бе заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки имрӯз мардуми шаҳри Гулистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад. Аз ин рӯ, садоқатмандона дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд. Чунонки борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда аст, «Омодагӣ ба истиқболи ҳама гуна ҷашну маърака бояд ба ободиву пешравии шаҳру ноҳияҳо ва умуман кишвар мусоидат намояд. Зеро ҷашн дар навбати аввал таҳлили роҳи тайшуда ва баррасии   корҳои басомонрасида мебошад». Яъне чорабиниҳои ҷашнӣ имконият медиҳанд, ки гузаштаро ҷамъбаст намуда, барои рушду ободии оянда замина гузошта шавад.

Сипас, ду нафар фаъолон Каромат Маҳмудовна, раиси шӯрои собиқадорони шаҳр ва Ғуфрон Абдуллозода, муовини директори комплекси геологии Қайроққум бо медали хидмати шоиста ва Фатҳулло Абдуллозода, мудири бахши фарҳанги шаҳр бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.

Баъдан, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.