23 Октябр 2025
Имрӯз, 23-юми октябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки СирдарёИ шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Умедҷон Назирматов ва Ҷамшед Қаҳҳоров, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, Ҷамшед Алиев корманди комиссариати ҳарбии шаҳр ва раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мушаррафа Охунова сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидони онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон дар ҳузури сарбозону ҷавонони шаҳрак таъкид намуд, ки шаҳри Гулистон дар даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ санаи 16-уми октябр нақшаи даъвати тирамоҳиро сарбаландона иҷро намуд. Маҳз, зиёд гардидани сафи чунин ҷавонони ватандӯст буд, ки дар рӯзҳои аввали даъват бо хоҳиши худ муроҷиат намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд ва мо нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намудем. Аз ҷумла ҷавонони шаҳраки Сирдарё.
Изҳори итминон карда шуд, ки чунин анъана минбаъд низ идома ёфта, ҷавонони ҷасуру ғаюру ватандӯсти шаҳри Гулистон бо хоҳиши худ дар даъватҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардид, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро менамоянд.