zoofirma.ru

Бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик дар Кохи Истиқлол бо иштирок раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Сатториён Матлубахон Амонзода ва фаъолон чорабинии ботантана баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Раиси шаҳр кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон таҳният намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сўхтор вогузор карда шудааст.

 

Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарўзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Барои хизматҳои шоиста ва корнамоиҳо ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон Сипосномаи Раиси шаҳр супурда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ ба намоиш гузошта шуд.