zoofirma.ru

Бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷаласаи тантанавии идона бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат доир гашт. Ҷаласа бо танинандозии Суруди Миллӣ оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода дар суханронии табрикотиаш ба ифтихори 23-юмин солгарди рўзи қабули Конститутсия зикр намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Дар Конститутсия арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд. Раиси шаҳр дар интиҳо ҳамагонро бо Рўзи Конститутсия самимона муборакбод намуд.

 

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр дар қисми бадеӣ намоиши марғубро таҳти унвони «Конститутсия-сарнавишти миллат» манзури ҳозирин намуданд.